Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолиянд
ДУШАНБЕ, 23.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино Маҳкам Аслонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст Ибодулло Шарифов ва ҳайати профессорону донишҷӯёни донишкада ҳузур доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Бозорбой Холов иттилоъ дод.
Ректори донишкада, профессор Хайриддин Идиев аз шуҷоату ҷоннисориҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Таъкид кард, ки ин родмардони Ватан дар роҳи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии кишвар, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд.
«Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар наздашон гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи мамлакат сарбаландона иҷро карда истодаанд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирии паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳар сол тибқи нақша машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронда мешаванд.
Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт. Воқеан ҳам мо имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи неруманду тавоно дорем. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон бинобар ҷангдида ва корозмуда будан аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад»,- гуфт Хайриддин Идиев.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Зарина Файзуллозода зикр кард, ки ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз ба як ниҳоди муқтадир табдил ёфтаанд, ки дар ҳимояи марзу бум ва амнияту суботи ҷомеа ҳамеша устуворанд. Барои адои хизмат дар Артиши миллӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мояи қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ сарбаландона адои хизмат карда, дар таҳкими сулҳу оромии кишвар ва якпорчагии марзу буми он ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳкам Аслонов ба ҷавононе, ки дар ҳамоиш ширкат доштанд, гуфт, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро ба ҳеҷ ваҷҳ аз даст надиҳанд, бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста гузоранд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






