Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати нахустини Конфедератсияи шамшербозони Осиёи Миёна дар Тошканд иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15-17 феврали соли равон дар шаҳри Тошканд аввалин Чемпионати кушоди Конфедератсияи шамшербозии Осиёи Миёна байни наврасон ва таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ин бора хабанигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи миллии олимпӣ, Агентии иттилоотии миллӣ, ширкатҳои телевизион ва радиои миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи шамшербозӣ ва ширкатҳои дигар ташкил шудааст. Ба ҷуз шамшербозони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар он барои ғалаба 150 нафар варзишгарони Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон миёни ҳам рақобат мекунанд.
Имрӯз, 13 феврал Федератсияи шамшербозони Ӯзбекистон нишасти матбуотӣ барпо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин Чемпионати Конфедератсияи Осиёи Марказӣ оид ба шамшербозӣ миёни таълимгирандагони омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ва варзишгарони наврас дар Тошканд чор нафар шамшербози тоҷик иштирок хоҳанд кард.
Давраи тайёрӣ ба ин мусобиқаро онҳо ҳанӯз аввали моҳи феврал дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд. Варзишгарони тоҷикро барои ин мусобиқаи муҳиму ҷиддӣ мураббӣ Рустам Насимов омода мекунад.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






