Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи зимистона иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 12 март дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия бо сарпарастии Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) Универсиадаи 29-уми зимистона доир мегардад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи варзишӣ донишҷӯ- варзишгарони аз 17 то 25-сола иштирок намуда, барои 76 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 11 намуди варзиш мубориза мебаранд.
Дар Универсиада иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 50 давлати дунё дар назар аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 4 нафар варзишгар: Садолати Ибодулло, Сайфиддини Низомиддин, Соҳибназар Соҳибов, Баракатулло Зокиров иборат аст. Варзишгарони тоҷик шоми имрӯз бо роҳбарии раиси Ассотсиатсияи варзишгарони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон Шодӣ Сафаров ба шаҳри Красноярск сафар мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, варзишгарон аз рӯи намудҳои варзишии биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, лижаронӣ, сноуборд, ҳадафгирии варзишӣ бо лижа, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей, хоккей бо тӯб, шорт-трек миёни ҳам сабқат мекунанд.
Варзишгарони тоҷик 7-8 март аз намуди лижаронии кӯҳӣ ва қувваозмоиҳои слаломи бузург ва 10-11 март аз намуди слалом сабқат мекунанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






