Варзишгарони тоҷик соли 2018 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 151 медали тилло ба даст оварданд

Февраль 12, 2019 11:26

ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 649 нафар варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гардиданд, ки аз ин шумора 66 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

«Дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат  467 медал, аз ҷумла 151 медали тилло ворид гардид, ки аз шумораи умумиии медалҳо 136-тои он аз рўи намудҳои олимпии варзиш ба даст омадааст»,- иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.

Гуфта шуд, ки иштироки футболбозони 16-солаи тоҷик дар Чемпионати Осиё, дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланд мояи ифтихори бузурги давлату миллат мебошад.

«Хушбахтона, то имрўз чор маротиба бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 нафар варзишгарон бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд»,-гуфт Аҳтам Абдуллозода.

Ба зикри ӯ, ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 1 миллиону 949 ҳазору 250 сомониро  ташкил медиҳад. Варзишгарон ба маблағи аз 5000 сомонӣ то 120000 сомонӣ ва мураббиён аз 3750 то 30000 сомонӣ мукофотпулии Ҷоиза, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудаанд, соҳиб гардиданд.

 

Февраль 12, 2019 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид