4 нафар варзишгарон Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ намояндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ мекунанд.
Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.
Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






