Аз 12 то 16 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази Душанбе маҳдуд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани тамрини иштирокчиёни чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 дар хиёбони И.Сомонӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 12 то 16 марти соли равон аз соати 9: 00 то 13:00 қатъ карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамчунин ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз 16 то 21 марти соли 2019 аз соати 10:00 то 14:00 қатъ карда хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати хатсайри троллейбусии №1 ва 10 аз 16 то 25 марти соли 2019 дар хиёбонҳои И.Сомонӣ ва А.Рӯдакӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, то ки аз хизматрасониҳои автобусҳои №3 ва 8 истифода намоянд.








«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд






