Аз 12 то 16 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази Душанбе маҳдуд карда мешавад

Март 14, 2019 13:25

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гузаронидани тамрини иштирокчиёни чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 дар хиёбони И.Сомонӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 12 то 16 марти соли равон аз соати 9: 00 то 13:00   қатъ  карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ҳамчунин ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз 16 то 21 марти соли 2019 аз соати 10:00 то 14:00 қатъ карда хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати хатсайри троллейбусии №1 ва 10 аз 16 то 25 марти соли 2019 дар хиёбонҳои И.Сомонӣ ва А.Рӯдакӣ қатъ карда мешавад. Дар робита ба ин аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, то ки аз хизматрасониҳои автобусҳои №3 ва 8 истифода намоянд.

Март 14, 2019 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд