Ба роҳбарияти Муассисаи «Боғи ҳайвонот» барои ислоҳи камбудиҳо муҳлат дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолияти Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и пойтахт аз наздик шинос шуда, аз ҷумла ба шароити нигоҳдошти ҳайвонот, ҳолати санитариву тозагии ҳуҷраҳои нигоҳдошти онҳо, панҷараҳо, ҳавзҳои паррандагон, нуқтаҳои хизматрасонӣ барои тамошобинон, инчунин роҳравҳо барои сайру гашти одамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом тибқи дастури Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба вазъи санитарӣ-экологии муассисаи мазкур роҳандозӣ гардид.
Гурӯҳи мазкур зимни боздид аз «Боғи ҳайвонот» муайян кард, ки дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ камбудиҳо ҷой доранд.
Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароити нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ барои ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин, ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзор дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд.
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати он, ки имрӯз «Боғи ҳайвонот»-и шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии мусоир тадбир андешанд.
Дар робита ба ин, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимӣ ба роҳ монад.
Хотиррасон менамоем, ки Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд. Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудаанд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






