БАСКЕТБОЛ. Дастаи занонаи «Хоруғ-1» дар мусобиқаи вилоятӣ ҷои аввалро гирифт

Март 9, 2019 11:24

ХОРУҒ, 09.03.2019  /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори Маҷмааи варзишӣ байни дастаҳои занона мусобиқаи вилоятӣ оид ба  баскетбол баргузор гардид. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «мусобиқа се рӯз идома дошт ва дар он  шаш дастаи мунтахаб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд. Дастаҳои мунтахаби Хоруғ -1 ва ноҳияи Шуғнон ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии ҳалкунанда дастаи Хоруғ-1 бар дастаи ноҳияи Шуғнон пирӯз шуда, мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷои дуюму сеюмро ноҳияи Шуғнон ва  дастаи занони Хоруғ-2 ишғол карданд».

Ба ғолибони мусобиқа ҷом ва медалу ифтихорномаи Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят супурда шуд. Инчунин ба як гурӯҳ варзишгарон шаҳодатномаи номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят гуфт, ки «дастаи занонаи волейбол беш аз 12 сол боз пай дар пай дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро ишғол мекунад. Тайи чанд соли охир  дастаи занонаи баскетбол низ рӯ ба рушд ниҳода, соли 2016 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷои якумро гирифт. Соли гузашта даста дар бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ дар мақоми дуюм ҷо гирифт».

Март 9, 2019 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд