Бонувони афғон дар Тоҷикистон усулҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ—методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 март аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.
Тавре аз Кумита ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, давраи аввали омӯзишӣ дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкории наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, баргузор мегардад.
Тайи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот бо истифода аз як силсила таҷҳизот ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд. Дарсҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ ва аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешаванд.
Дарси омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






