Бозии финалӣ барои Ҷоми ФФТ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бозии финалӣ барои Ҷоми ФФТ бо ширкати дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.
Имрӯз ҳамчунин вохӯрии байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Душанбе-83» барои мақоми сеюм соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ-2019
5 март (сешанбе )
Бозӣ барои ҷои сеюм
Оғоз соати 11:00
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83»
Довар дар майдон: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
Ёварони довар: Исмоил Нуралиев (Норак), Рустам Нурматов (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Комиссар: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Финал
«Кӯктош» – «Истиқлол»
Оғоз соати 14:00
Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Норак).
Ёварони довар: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Довари эҳтиётӣ: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссар: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






