Дар Донишкадаи давлатии забонҳо Наврўзи байналмилалиро бошукӯҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз дар саҳни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҳамоиш хабар медиҳад, сараввал ректори Донишгоҳи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки иди Наврӯз имсол дар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон таҷлил карда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, «Наврӯз рамзи ҳамбастагии оламу одам, рамзи пирўзии рўшноӣ бар зулмот шинохта шудааст ва ин ҷашни муборак бо ободиву бунёдкорӣ пайванди қавӣ дорад. Муҳимтар аз ҳама, Наврўзи ҷаҳонафрўз бо сулҳу ваҳдат, дўстиву рафоқат, пиндору гуфтору рафтори нек иртиботи ногусастанӣ пазируфтааст», — зикр намуд М.Раҷабзода.
Дар идома донишҷўён расму оинҳои аҷдодӣ ва Наврўзи байналмилалиро намоиш доданд. Аз ҷумла, анъанаю суннатҳои наврўзии сарзаминамонро донишҷўёни факултаи филологияи тоҷик ва факултаи забонҳои Шарқ, Ҷумҳурии Ўзбекистонро муҳассилини факултаи забонҳои романӣ-германӣ ва Туркманистонро донишҷўёни факултаи филологияи рус ба маъраз гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки намоиши либосҳои миллии мардумӣ, ороишоти наврўзӣ, оростани дастархон бо хўрокҳои наврўзӣ, дастовардҳои миллӣ аз ҷониби факултаҳо ва табрикоти наврўзӣ бо забонҳои омўхташаванда аз муҳтавои асосии барномаи ҷашни наврўзии донишкада буд.
Ҳакамон пас аз дидани маҳсули дасти донишҷўён ва оростани дастархон бо хўрокҳои наврўзӣ муайян карданд, ки сазовори ҷойи аввал факултаи забонҳои романӣ-германӣ, ҷойи дуюм факултаи филологияи тоҷик ва мақоми сеюм факултаи филологияи рус мебошанд.
Дар маҷмўъ, ҷашни байналмилалии Наврўзро ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар сатҳи баланд ва бо камоли эҳтиром ба суннатҳои миллӣ таҷлил намуданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






