Дар Донишкадаи давлатии забонҳо Наврўзи байналмилалиро бошукӯҳ таҷлил намуданд

Март 19, 2019 17:03

ДУШАНБЕ, 19.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз дар саҳни Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ин ҳамоиш хабар медиҳад, сараввал ректори Донишгоҳи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки иди Наврӯз имсол дар марҳилаи сифатан нави сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон  таҷлил карда  мешавад.  Ба гуфтаи ӯ, «Наврӯз рамзи ҳамбастагии оламу одам, рамзи пирўзии рўшноӣ бар зулмот шинохта шудааст ва ин ҷашни муборак бо ободиву бунёдкорӣ пайванди қавӣ дорад. Муҳимтар аз ҳама, Наврўзи ҷаҳонафрўз бо сулҳу ваҳдат, дўстиву рафоқат, пиндору гуфтору рафтори нек иртиботи ногусастанӣ пазируфтааст», — зикр намуд М.Раҷабзода.

Дар идома донишҷўён расму оинҳои аҷдодӣ ва Наврўзи байналмилалиро намоиш доданд. Аз ҷумла, анъанаю суннатҳои наврўзии сарзаминамонро донишҷўёни факултаи филологияи тоҷик ва факултаи забонҳои Шарқ, Ҷумҳурии Ўзбекистонро муҳассилини факултаи забонҳои романӣ-германӣ ва  Туркманистонро донишҷўёни факултаи филологияи рус ба маъраз гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки намоиши либосҳои миллии мардумӣ, ороишоти наврўзӣ, оростани дастархон бо хўрокҳои наврўзӣ, дастовардҳои миллӣ аз ҷониби факултаҳо ва табрикоти наврўзӣ бо забонҳои омўхташаванда аз муҳтавои асосии барномаи ҷашни наврўзии донишкада буд.

Ҳакамон пас аз дидани маҳсули дасти донишҷўён ва оростани дастархон бо хўрокҳои наврўзӣ муайян карданд, ки сазовори ҷойи аввал факултаи забонҳои романӣ-германӣ, ҷойи дуюм факултаи филологияи тоҷик ва мақоми сеюм факултаи филологияи рус мебошанд.

Дар маҷмўъ, ҷашни байналмилалии Наврўзро ҳайати профессорону устодон ва донишҷўёни Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар сатҳи баланд ва бо камоли эҳтиром ба суннатҳои миллӣ таҷлил намуданд.

Март 19, 2019 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд