Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 30 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор мегардад.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3, 4 ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд.
Бояд зикр кард, ки мусобиқаи аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд.
Ғолибонро Шоҳҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.
Ёдовар мешавем, ки 31 марти соли гузашта дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсияи миллии човандозони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» пойгаи аспдавонӣ баргузор шуд, ки дар он аспҳои зоти англисӣ бо лақабҳои «Рахш» ва «Шерхон-Дарк» аз Душанбе, ки соҳибашон Анӯшервони Рустам аст, барандаи шоҳҷоизаҳо — мошинҳои сабукрави тамғаи «Равон» гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3 ва 4-сола иштирок намуда, дар даҳ марҳила байни ҳам рақобат карданд.
Баъд аз баргузории мусобиқа Шоҳҷоиза дар байни аспҳои зоти тоҷикии аз 4-сола боло насиби аспи тоҷикӣ бо лақаби «Гандикап» аз хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг ва ҷои якум насиби Анӯшервони Рустам аз шаҳри Душанбе бо аспи саворӣ бо номи «Рахш» гардид.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






