Дар ноҳияи Панҷ Шӯрои ҷамъиятӣ ва Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис ёфтанд
ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Панҷ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинов Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин маросим муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, Раиси ноҳияи Панҷ Маҳмадюнус Сайфуддинзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Фарҳод Шодмонзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ Шамсулло Маҳмудзода, намояндаи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Додли, намояндагони ташкилоти байналмилалии «Дунёи бехатар», ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону», аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода дар хусуси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ зикр кард, ки ҷиҳати амалисозии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» мақомоти корҳои дохилӣ ба натиҷаҳои мусбат ноил гардидааст. «Таъмини шароити мусоид ба кормандон, техникаву таҷҳизоти муосир, таъсиси марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва ворид намудани баъзе дигаргуниҳо дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ аз зумраи он иқдомоти ҷадиде мебошанд, ки ба рушди ислоҳот мусоидат менамоянд»,-иброз дошт ӯ.
Мавсуф ҳамчунин доир ба Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди ШВКД дар ноҳияи Панҷ ибрози андеша намуда, гуфт, ки фаъолияти Шӯрои мазкур дар доираи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия равона гардида, баҳри тақвият додани механизми ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки маҳаки асосии ислоҳоти милитсия маҳсуб меёбад, мусоидат менамояд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ зикр карда шуд, ки ҳадаф аз татбиқи ислоҳоти милитсия- ин ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






