Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи арҷгузории Ҳукумат ба бонувон аст

Март 7, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 07.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Модар, ки ҳамасола 8март таҷлил мегардад,  дар Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Муовини директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода бонувони ин ниҳодро табрик намуда,  дар бораи мақому манзалати  Зан-Модар дар ҷомеаи Тоҷикистон сухан кард. Зикр гардид, ки  ба оғози эҳёи табиат–фасли зебои баҳор рост омадани Рӯзи Модар рамзи неку хуҷаста мебошад, чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу  иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободонию созандагӣ бошад, модар сарчашмаи зиндагӣ  ва ҳаёт аст.

«Мақому мартабаи  занону модарони Маркази мо дар он ифода меёбад, ки онҳо дар Маркази зеҳнӣ  фаъолият менамоянд ва барои рушду пешарафти Тоҷикистони азиз тавассути маводи таҳлилии таҳиякарда пешниҳодҳои муҳим ва актуалӣ манзур менамоянд»,- иброз дошт Парвиз Муҳаммадзода.

Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як зумра  стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа қабул гардиданд, ки барои фаъолияти бонувон имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар кормандон ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расид. Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар кормандон 25 ҳазор нафари онҳо занону духтарон буданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад.

Имрӯз  шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил доданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани  Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми  давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани бонувон мебошад.

Дар анҷоми ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ба бонувони Маркази тадқиқоти стратегӣ туҳфаҳои  хотиравӣ тақдим гардиданд.

Март 7, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид