Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор мегардад

Март 20, 2019 12:30

ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба  ифтихори  таҷлили ҷашни ниёгонамон-Наврӯзи  хуҷастапай  24 марти соли равон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  кишвар аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ва ВМБ дар назар аст.

Паҳлавонҳои беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав  интизор аст.

Марҳабо ба мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ  ба Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, то шоҳиди ҳунару маҳорати паҳлавонони мамлакат дар ҷашни миллии аҷдодӣ бошед.

Март 20, 2019 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид