Дар шаҳри Хоруғ соҳибкори маҳаллӣ толори варзиширо таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намуд
ХОРУҒ, 02.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ боз як толори варзишӣ навсозӣ ва бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд. Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар давраи истиқлолияти давлатии кишвар таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба варзиш бамаротиб афзоиш ёфт. Ҳар яке аз онҳо кӯшиш мекунад, ки парчами миллати худро дар толорҳои бузурги ҷаҳонӣ баланд бардорад. Инро ба назар гирифта, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят толорҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Дар баробари мақомоти марбутаи давлатӣ дар бунёду навсозии толору майдончаҳои варзишӣ соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд».
Толори мазкур бо кумаку дастгирии сохибкор Саламшо Имомназаров, ки Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо харҷи беш аз аз 190 ҳазор сомонӣ сохта шуд. Ин соҳибкори маҳаллӣ гуфт, ки ҳамаи таҷҳизот бо маслиҳату тавсияи мутахассисони соҳаи варзиш харид ва дар ихтиёри варзишгарон гузошта шуд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот худи варзишгарон кумак расониданд.
Дастурдиҳандаи Мактаби варзишии вилоят Ғуломҳусейн Мародҳусейнов бо изҳори сипос ба ин соҳибкори ҷавон гуфт, ки «бо истифода аз чунин шароит сатҳу сифати тамрину мусобиқаҳои варзишӣ боз ҳам боло хоҳад рафт. Баъд аз ин мутобиқи реҷа духтарону занон ҳам метавонанд дар ин толор ба машқи бадан машғул шаванд».








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






