Дар Тоҷикистон Минтақаи озоди иқтисодии панҷум таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /«АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии мамлакат тасмим гирифт, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил карда шавад. Таъсиси минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 28 феврал дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар робита ба ин сармутахассиси раёсати маъмуригардонии Минтақаи озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷовид Ҳусейнов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки минтақаи нав дар назди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб дар масоҳати 309 гектар доман паҳн карда, шаклан саноатӣ-инноватсионӣ хоҳад шуд.
Ба андешаи номбурда, МОИ «Кӯлоб» ҷиҳати рушди саноат дар шаҳр, ки дар аҳди шӯравӣ аз марказҳои саноатии кишвар ба шумор мерафт, нақши калидӣ хоҳад бозид. Ҳамчунин ба ин восита, барои сокинони шаҳр ва навоҳии атроф ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар айни замон дар мамлакат чор минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд. Ҳар кадоми онҳо вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ хусусият ва таъйиноти вижаи худро доранд. Фаъолияти онҳо амалан собит намуд, ки МОИ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фишанги муассир аст.
Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2018 минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба маблағи 141,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд»-116,1 миллион, «Данғара»-25,3 миллион, «Панҷ»-0,293 миллион ва «Ишкошим»-0,036 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ бароварда шуд. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ибтидои фаъолияти ин минтақаҳо то кунун беш аз ним миллиард сомониро ташкил доддааст.
Дар айни замон ҳамчун субъектҳои МОИ 71 ширкати ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кормандон беш аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба ин минтақаҳо қариб 60 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд, ки ҳиссаи асосии он ба минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» (36,8 миллион) ва «Суғд» (19 миллион) рост меояд. Аз оғози фаъолияти МОИ дар маҷмӯъ 1,72 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ба онҳо ворид шудааст.








Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид






