Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2020 бенасиб монд

Март 27, 2019 08:41

ДУШАНБЕ, 27.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки соли оянда дар Таиланд мегузаранд, дар канор монд. Ин дар ҳоле рух дод, ки дирӯз футболбозони кишварамон дар бозии охирини гурӯҳи «F» дар  шаҳри Тошканд вохӯриро бо мизбонони ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд.

Дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «F»  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии аввал бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 ғалаба карда, дар маҷмӯъ соҳиби 4 имтиёз ва ҷои дуюм шуд.  Аммо шумораи голҳои ками олимпичиёни  тоҷик ба онҳо имкон надод, ки аз зинаи дуюм ба бозиҳои финалӣ роҳхат гиранд.

Дар баробари ин 4 дастаи хуштолеи гурӯҳҳо- Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ аз зинаи дуввум иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё таъмин карданд.

Ҷадвали дастаҳои мақоми дуввум чунин шакл гирифт:

Дар ин раддабандӣ дастаҳои мунтахаби Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки бозиҳояшон баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон (0:0) барпо гардид, барои худ натиҷаҳои мувофиқ ҳосил карданд (Ироқ – Эрон- 0:0, аз гурӯҳи “С”, Арабистони Саудӣ- АМА- 1:1, аз гурӯҳи “Д” ва Урдун – Сурия-1:1, аз гурӯҳи “Е”) .

Дар вақти холшуморӣ таносуби тӯбҳо ва  огоҳиҳо ба назар гирифта шуд ва дастаҳои мазкур аз  дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш гузаштанд.

Март 27, 2019 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд