ДАСТИ ДУОИ МОДАР. Занони собиқадори шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд
ХУҶАНД, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чанд нафар занон, бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аёдат карда шуданд.
Бино ба иттилои масъулини мақомоти маҳалии шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода аз ҷумла, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳироваи 95-сола, собиқадори меҳнат, зани 101-сола Биазиз Гулматова, собиқадори соҳаи маориф Мушарраф Юнусова, бонуи серфарзанд Санавбар Бобоҷонова ва чанд нафари дигарро аёдат намуда, онҳоро бо иди занону модарон табрик намуд.
Зикр шуд, ки имрӯзҳо занону модарони тоҷик бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ бобати тарбияи насли наврас ва рукнҳои асосии оиладорӣ, ба низом даровардани расму оинҳои халқӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд. Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии кишвар намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






