ДУШАНБЕИ НАВРӮЗӢ. Ба тантанаҳои идонаи пойтахти Тоҷикистон меҳмонон аз бародаршаҳрҳо даъват шудаанд

Март 18, 2019 10:24

ДУШАНБЕ, 18.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Чуноне қаблан иттилоъ додем, рӯзи 22 марти соли равон дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Қисмати расмии Форум нимаи аввали ин рӯз дар «Кохи Суруш» доир мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот  ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба  форуми мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда шудаанд. Он бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои  манбаъ, тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар доираи баргузории Форум меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва  Боғи Ирам дидан намуда, онҳо дар Корвони шодии (карнавали) идона (21 март)  ва дар намоиши театришудаи «Ганҷинаи Наврӯз» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт (22 март) иштирок менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки айни замон шаҳри Душанбе бо 18  шаҳрҳои китъаи Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор  намуда, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда, узви комилҳуқуқи 5 ташкилоти байналмилалӣ мебошад.

                Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 18, 2019 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад