ДУШАНБЕИ НАВРӮЗӢ. Ба тантанаҳои идонаи пойтахти Тоҷикистон меҳмонон аз бародаршаҳрҳо даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 18.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Чуноне қаблан иттилоъ додем, рӯзи 22 марти соли равон дар пойтахт Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад. Қисмати расмии Форум нимаи аввали ин рӯз дар «Кохи Суруш» доир мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба форуми мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда шудаанд. Он бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар доираи баргузории Форум меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи «Наврӯз», боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ ва Боғи Ирам дидан намуда, онҳо дар Корвони шодии (карнавали) идона (21 март) ва дар намоиши театришудаи «Ганҷинаи Наврӯз» дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт (22 март) иштирок менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки айни замон шаҳри Душанбе бо 18 шаҳрҳои китъаи Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуда, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда, узви комилҳуқуқи 5 ташкилоти байналмилалӣ мебошад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






