Эмомалӣ Раҳмон: «Модарону занон ва бонувони кишвари мо дар ободиву пешрафти Тоҷикистон саҳми бузург доранд»
ДУШАНБЕ, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд»,- изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти худ ба муносибати Рӯзи модар.
Президенти кишвар илова намуданд, ки: «Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд».
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.
«Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.
Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва ойинҳои асилу деринаи халқамон, хусусан, дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони баодобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошанд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






