Фариштамоҳ Ашӯрова: «Аз ҳунармандӣ ҳамеша сарбаландӣ дидаам!»
ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Cоли гузашта бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди фароҳам овардани шароити хуби корӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба ҳунармандон, бахусус кадбонуҳои чирадаст бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухоро нонпазхонаи замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Аз фаъолияти нонпазхонаи мазкур муддати тӯлонӣ нагузашта бошад ҳам, он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст. Мизоҷон ба ин макон барои истеъмоли нони болаззати тоҷикӣ ва дигар ғизоҳои миллӣ, аз ҷумла, нони чаппотӣ, гирдача, фатир, таҳмол, шакаробу қурутоб, фатиршӯрбо ва ғайраҳо меоянд. Дар ин нонпазхона ба онҳо кадбонуи ҳунарманд Фариштамоҳ Ашӯрова, ки бо ҳунари беҳамтои нонпазӣ дар пойтахт машҳур гардидааст, бо чеҳраи кушод пешвоз гирифта, хизмат мерасонад.
Дар арафи Рӯзи Модар хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ин зани хушрӯзгор доир ба мақоми ҳунар ва ҳунарманд дар ҷомеа ҳамсуҳбат гардид.
«Ҳар гоҳе ки аз корафтодагон таҳсин мешунавам, ҳар вақте аз атрофиён иззату эҳтиром меёбам ва ҳар боре, ки сари дастурхони пурнозу неъмат бо фарзандон сарҷаъм менишинам, ба модари бузургворам изҳори миннатдорӣ менамоям. Маҳз талошу заҳматҳои ӯ буд, ки ҳунари кадбонугиро аз худ намуда, тамоми умр бо меҳнати ҳалол аз зиндагӣ баракат дидам. Солҳои зиёд дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси нонпаз фаъолият доштам. Аз рӯи ин пешаам дар маъракаҳои сокинони шаҳр фаъолона иштирок мекардам ва сарфарозам, ки нонҳои пухтаам писанди мардум мегардид. Ман аз ҳунармандӣ ҳамеша сарбаландӣ дидаам!», -афзуд холаи Фариштамоҳ Ашӯрова.
Фариштамоҳ Ашӯрова дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки мардуми тоҷик беҳуда мақоми ҳунар ва ҳунармандро дар ҷойи аввал нагузоштаанд. Дар ин бора гуфтаҳои пурҳикмати халқро мисол ва дар шарҳи онҳо аз таҷрибаи бойи худ дар зиндагӣ далел пеш меовард. Як мисоли барҷастаашро барои мо қисса кард, ки хеле ҷолиб буд.
«Агар ҳунари нонпазиам намебуд, магар имкон доштам, ки бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсуҳбат шавам? Ҳаргиз не! Соли 2010 дар яке аз сафарҳои Президенти мамлакат ба шаҳри Кӯлоб мо, чанд нафар занон сари чакдон нон мепухтем. Пешвои миллат ба назди мо омаданду як пора нони чаппотиро гирифта, ба даҳон андохтанд. Он кас зимни суҳбат иброз доштанд, ки лаззати нони тоҷикӣ беҳамтост. Сипас ба ман рӯ оварда, гуфтанд, ки «агар Шуморо ба пойтахт даъват намоем, меравед? Барои сокинону меҳмонони пойтахт нони хушлаззати тоҷикӣ мепазед ва ин ҳунарро ба ҷавонон меомӯзед. Мо бояд ба ҷаҳониён собит созем, ки насли миллати озодаем ва ҳунармандию эҷодкорӣ рисолати таърихии мост».
«Ман ин пешниҳодро ба ҷону дил пазируфта, бо ин мақсад ба шаҳри Душанбе омадам. То моҳи июли соли 2018 дар Майдони 800-солагии Москваи пойтахт барои сокинону меҳмон нонҳои хушмаззаи тоҷикиро пешниҳод мекардам. Баъди навсозии мавзеи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маркази шаҳри Душанбе, дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Бухоро нонпазхонаи замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Қариб як сол мешавад, ки ман бо фарзандонам ин ҷо фаъолият дорем. Нонпазхонаи мо доимо серодам аст. Талабгорони нони болаззати тоҷикӣ ва хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла қурутобу шакароб ниҳоят зиёданд».- афзуд Ф.Ашурова.
Бинои мазкур ба таври замонавӣ, бо истифода аз нақшу нигори миллӣ сохта шуда, дар дохили он ҷойҳои махсус, аз ҷумла, барои пухтани нони таҳмол, фатир, гирдача, чаппотӣ, дигар маҳсулоти нонӣ ва хӯрокҳои миллӣ омода гардидаанд.
Дар ин макон баробари фароҳам овардани шароити корӣ барои занони ҳунарманд, ҳамчунин ҷиҳати фароғату истироҳат ва истеъмоли хӯрокҳои миллӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит муҳайё гардидааст.
Ин зани оқилаву рӯзгордида аз он изҳори нигаронӣ мекард, ки баъзе модарон ба ҳунари кадбонугии духтаронашон аҳамият намедиҳанд. Аз он таассуф мехӯрд, ки ин ҷавондухтарон баъди оиладоршавиашон аз сабаби надоштани ҳунари кадбонугӣ ба мушкилӣ дучор гардида, сабаби шунидани маломати хонаводаи шавҳар мегарданд. Ин бонуи чирадаст иброз дошт, ки яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон низ маҳз беҳунарии ҷавондухтарон аст. Номбурда такрор ба такрор таъкид мекард, ки модарон ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанду ба духтарони худ ҳатман ҳунари кадбонугӣ омӯзанд, то дар зиндагӣ муваффақу комёб гарданд.
Ба ин бонуи ҳунарманд, ки рӯзгораш сар то по омӯзандаву намунаи ибрат аст, барору комёбӣ орзу намуда, дар рӯзи ҷашни бонувон ба чунин модарони сарбаланд аҳсан мехонем!
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Маросими видоъ бо раиси марҳуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 1 то 3 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Оид ба амалишавии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
Пагоҳ Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мешавад
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд






