Футбол: ҳамаи гурӯҳҳо дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё муайян шуданд

Март 14, 2019 11:20

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  13 март бо баргузории ду вохӯрӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё дастаҳо мушаххас шуданд.

Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) натиҷаи мусовӣ- 0:0 ба қайд гирифта шуд ва «Хуҷанд» аз натиҷаи ду вохӯрӣ (1:1, бозии аввал) дар таърихи худ бори якум ба бозиҳои гурӯҳи «Д»-и мусобиқот роҳхат гирифт.

Дар минтақаи Осиёи Шарқӣ дастаҳои «Тай По»-и Гон-Конг ва «Риёмиёнг»-и Кореяи Шимолӣ дар ду вохӯрӣ ғолибро муайян накарданд ва натиҷаи 0:0 ба қайд гирифта шуд. Силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ «Тай По»-ро бо ҳисоби 5:3 ба бозиҳои гурӯҳӣ ҳидоят намуд.

Ба ҳамин тартиб дар мавсими футболи соли 2019  36 даста дар 9 гурӯҳ барои Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё муборизаро идома медиҳанд. То ба имрӯз дар баъзе аз гурӯҳҳо ду даври бозиҳо баргузор шудаанд. Аз 3 апрел дар гурӯҳҳои минбаъда, аз ҷумла гурӯҳи «Д”, ки ду дастаи Тоҷикистон- «Истиқлол” ва « Хуҷанд” ширкат менамоянд, мусобиқа оғоз меёбад.  «Истиқлол» бо «Хуҷанд» ва “Алтин Асир”-и Тркманистон бо «Дордой»-и Қирғизистон бо ҳам қувва меозмоянд.

 

Март 14, 2019 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд