Футбол: байни дастаҳои Лигаи олӣ қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид

Март 1, 2019 08:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дирӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенс Душанбе» баргузор гардид. Бори аввал ширкати мобилии Tcell  ба ҳайси сарпарасти асосӣ мавсими нави Чемпионати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад.

Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунад. Инҳо  «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣи), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.

Қуръакашӣ дар фазои идона бо ширкати меҳмонони зиёд сурат гирифт. Бори аввал бо даъвати Лигаи миллии футболи Тоҷикистон маросими қуръакаширо футболбозони намоён, собиқ бозингарони дастаи мунтахаби мамлакат-Сӯҳроб Ҳамидов, Тоҳирҷон Мӯминов, Шӯҳрат Ҷабборов ва Баҳодур Сӯфиев гузарониданд.

Сараввал ду марҳилаи аввал ва сипас марҳилаи сеюми мусобиқот қуръакашӣ шуд.

Ба ҳамин тартиб, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2019  дастаҳои «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол», «Кӯктош» бо КМВА «Помир», «Панҷшер» бо «Истаравшан» ва «Хуҷанд» бо «Хатлон» бо ҳам қувва месанҷанд.

Қуръакашӣ тибқи ҷадвали шоҳмотбоз ва назариётчии австриягӣ Иоҳан Бергер баргузор гардида, дар  бозиҳои аввали марҳилаи сеюм ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд:

«Истиқлол» – «Хатлон»

«Истаравшан» – КМВА «Помир»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

Аз рӯи низомномаи Чемпионати мамлакат, дастаи зинаи охирро ишғолкарда Лигаи олиро тарк мекунад ва соҳиби ҷои ҳафтум дар анҷоми мавсим дар бозии гузариш бо дастаи зинаи дуввуми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ боқӣ мондан вохӯрӣ анҷом медиҳад.

Март 1, 2019 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд