ФУТБОЛ: имрӯз тақдири дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ҳал мегардад
ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 март дар Варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) тақдири як роҳхат ба гурӯҳи «Д»-и мусобиқот ҳал мегардад. Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Ашқобод як ҳафта пеш бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст гардида буд. Оғози вохӯрӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, ки дирӯз гузашт, сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов иброз дошт, ки «дастаи «Хуҷанд» ба бозии ҷавобӣ омодагии хуб дидааст ва бачаҳо танҳо барои ғалаба вориди майдон мешаванд». Ӯ бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мухлисонро барои дастгирии «Хуҷанд» ба варзишгоҳ даъват намуд.
То ба ҳол дастаҳои футболи Тоҷикистон муваффақ нашудаанд, ки дар гурӯҳи Ҷоми КФО ду намоянда дошта бошанд. Баръакс Қирғизистон (2017) ва Туркманистон дар мавсими футболи соли 2018 бо ҳузури ду даста дар гурӯҳи «Д» барои Ҷоми КФО мубориза бурдаанд.
Мо ба дастаи «Хуҷанд» дар ин бозии ниҳоят муҳим комёбӣ хоста, мухлисонро барои дастгирӣ ба варзишгоҳ даъват мекунем.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






