Футбол: имрӯз вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон -2019 барпо мегардад

Март 29, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 оид ба футбол баргузор мегардад. Дар он чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 –«Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- «Хуҷанд»-и Хуҷанд  бо ҳам қувва меозмоянд.

Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб  ба роҳ монда шудааст, ки ҳафт маротиба онро КФ «Истиқлол» (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018), як маротибагӣ «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот» -и Фархор (2017) ба даст овардаанд.

Барои Ҷоми олии Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» маротибаи сеюм бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ду бозии пешина истиқлолиҳо ба пирӯзӣ комёб гардиданд. Ин навбат чӣ? Ба ин савол баъди бозии имрӯза ҷавоб хоҳем гирифт.

Вохӯрии имрӯзаро доварон Гулмуроди Саъдулло-довари ФИФА дар майдон, Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев ба ҳайси ёвари довари вохӯрӣ ва Насрулло Кабиров ба ҳайси довари эҳтиётӣ ҳакамӣ мекунанд.

Натиҷаи бозиҳо барои Ҷоми олии Тоҷикистон (2010-2018):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз зарбаҳои пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) –1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

Март 29, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд