Идигул Қосимзода: «Фазои солиму ором ва пур аз муҳаббати оила аз сариштакории зан вобаста аст»
ДУШАНБЕ, 06.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Зан-модар чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлатамон модарро сафобахшандаи ҳаёт номида, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ гуфтаанд. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад. Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерумандӣ роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад.
Дар робита ба Рӯзи Модар мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои Садриддин бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан — модар вобаста аст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Идигул Қосимзода: Зан-модари тоҷик дар тамоми давру замон рисолати меҳрпарваронаю латифи модарӣ, ҳамсарӣ, хоҳариву дилбарӣ дорад, ки ба ҳар як инсон чӣ дар оила ва чӣ дар ҷомеа рӯҳу илҳом ва болу пар бахшида, бо дуову муҳаббатҳои бекаронаш ба сӯи зиндагии дурахшон раҳнамун месозад. Зан-модари тоҷик бузургтарин сармояи зиндагӣ ва тарбиятгари наслҳост. Ӯ офарандаи рӯи замин, роҳнамои ҳаёти рӯшани ҳар як фард, созандаву ободкунандаи ҳар макону маҳфил ва сиёсатмадори варзида аст. Имрӯз зани тоҷик бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат имкон пайдо намуд, ки бо симои зебои тоҷикона ва лафзи ширину ноби тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳарф занаду миллату давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
АМИТ «Ховар»: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Идигул Қосимзода: Воломақомии зан-модари тоҷик барои тарбияи комилу дурусти фарзандони солиму солеҳа, баору номус ва созандагони Ватан заминаи боэътимод буда, фарзандон зери сарпарастии модарон дилпурона метавонанд кору пайкор намоянд. Зан-модари тоҷик бояд тамоми неру ва ташаббусҳои худро ба таълиму тарбияи фарзанд равона намуда, онҳоро дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намояд, то фарзандон чун арҷгузорандагон ба фарҳангу тамаддун ва меъёрҳои ахлоқии оилаю оиладорӣ, ки рукни муҳими пешрафти ҷомеа арзёбӣ мегардад, дар зиндагӣ мақоми арзандаи худро пайдо намоянд. Зан-модари тоҷик бо ҳама шабзиндадориҳояш татбиқи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъмин намуда, кӯшиш бар он дорад, ки фарзандони номбардори Ватан ба воя расонад.
АМИТ «Ховар»: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидор ва бе маълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Идигул Қосимзода: Бо соҳибистиқлолии кишвар имрӯз занону бонувон дар баробари мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолият намуда, аз шароиту имкониятҳо ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар ҳаққи занону бонувон бобати пайдо намудани мақоми шоиста дар ҷомеа то расидан ба сатҳи роҳбарӣ мамнунанд. Албатта, занону бонувоне, ки соҳибмаълумотанд, аз занону бонувони бе маълумот фарқ мекунанд, зеро онҳо ба ҷуз таваллуд ва тарбияи фарзанд боз рисолати корманд, хизматчӣ, омӯзгор, тарбиятгар, мураббӣ, дӯзанда, фаррош, ошпаз, бофанда, барномасоз, рассом, тарроҳ, меъмор, сохтмончӣ ва ғайра буданро бар дӯш дошта, дар зиндагӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Вале ин маънои онро надорад, ки бонувони бе маълумот аз ҳаёти ҷомеа дур монда бошанд. Бубинед, ки имрӯз тамоми занону духтарони тоҷик, новобаста аз сатҳи иҷтимоиашон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат иштироки фаъол ва саҳми назаррас гузошта истодаанд.
АМИТ «Ховар»: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад. Шумо фазои орому таскинбахшро дар оилаатон чӣ тавр таъмин мекунед?
Идигул Қосимзода: Фазои солиму ором ва пур аз муҳаббату каромату шаҳомати оила ба созандагиву сариштакорӣ ва пайкори зан вобаста аст. Вале, бояд зикр намуд, ки ҳар як зан, ҳар як бонуи тоҷик фариштаи хонадони худ аст ва он ҳама дороию фазилатҳо аз дастгириву муҳаббатҳои марди хона ба даст меоянд. Самимияту инсондӯстӣ, муҳаббату латофату назокатро фарзандон маҳз аз муҳити оила дармеёбанд ва модарро ҳамеша гиромӣ медоранд. Воқеан, зани тоҷик шоистаи он аст, ки фарзандон пешаш сари таъзим фуруд оваранд.
АМИТ «Ховар»: Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст. Шумо бар ин ҳикмат чӣ афзуданиед?
Идигул Қосимзода: Албатта, зан-модари тоҷик зеботарин, баиффаттарин, дурдонаи нодиру чароғи равшан ва кадбонуи хонавода аст. Дар сарфаю сариштакорӣ ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ андешамандона рафтор намуда, аъзои оиларо низ ба ин кори муҳим равона месозад, чунки вазъи иқтисодии хонавода аз сариштакор будани зан вобастагӣ дорад. Зани ҳунарманд дар ҳар лаҳзаи ҳаёт метавонад худро аз тамоми ногувориҳои ҳаёт раҳо созад. Шахсе, ки устувории пойдевори ҳаёти хешро меандешад, ҳамеша пайи омӯзиш аст. Мекӯшад чизеро омӯзад, ки сабаби волоҳунар гардиданаш бошад. Ҳар як инсон дар зиндагӣ меъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургӣ ба хираду дониш ва ҳунармандии кас вобастагӣдорад.
АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, то зан-модари тоҷик аз ҳарвақта дида, бештар ба тарбияи фарзандон машғул шавад ва тарбияи фарзандонро ба дигарон вогузор накарда, худ масъулият нишон диҳад?
Идигул Қосимзода: Масъулияти бузург дар назди модар- ин таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст. Пас, моро месазад, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ равона намоем. Бояд ҳар як зан-модар худ пайи омӯзиш шавад, пайваста аз нозукиҳо, пастию баландиҳои ҳаёт бохабар бошад, ба фарзандон, хосса ба духтарон дарёфти роҳи ростро дар зиндагӣ ва сабру таҳаммулро зимни оиладориашон талқин созад. Он гоҳ метавонад дар таълиму тарбияи фарзанди худ муваффақ гардад ва барои ҷамъият фарзанди шоистаю номбардори Ватан ба камол расонад.