Имрӯз ба фаъолияти Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» 3 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 марти соли 2016, дар арафаи таҷлили ҷашни миллӣ— 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.
Имрӯз ба таъсиси ин муассисаҳо се сол пур шуд. Бояд зикр намуд, ки варзиш яке аз воситаи муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ буда, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат варзишро чун яке аз бахшҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии он, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассир амалӣ мегардонад.
Ба ин хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2015 қарорро дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» қабул кард ва он 1 марти соли 2016 ифтитоҳ гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» хабар медиҳанд, шабакаи соҳавии мазкур ба таҳияву тадвини барномаву гузоришҳо доир ба варзиш-яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст.
Таъсиси шабакаи мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии мамлакат ба иттилооти варзишӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар Муассисаи давлатии ТВ «Варзиш» вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали футболи кишвар, инчунин чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё сурат мегиранд, инъикос мешаванд. Дар эфири шабакаи телевизиони «Варзиш» бозиҳои шавқовари Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои Серияи «А»-и Италия, Бундеслигаи Германия, Лигаи 1-уми Франсия, Премйер-лигаи Россия, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар чемпионатҳои муқтадири кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд.
Дар баробари ин шабакаи телевизиони «Варзиш» намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла футзал, баскетбол, волейбол, гандбол, теннис, дзюдо, самбо, варзиши сабук, намудҳои зимистонаи варзиш, сабқатҳои мошинрониву велосипедронӣ ва ғайраро низ инъикос мекунад.
Бояд гуфт, ки барои таҳияиву танзими барномаҳо, шарҳу тавзеҳоти бозиҳо, омода кардани гузоришҳои таҳлилӣ, тарҷума ва дубляжи филмҳо ва умуман инъикоси тамоми барномаҳои варзишӣ як гурӯҳ рӯзноманигорон, шореҳон, танзимгарон, тасвирбардорон, коргардонҳо, муҳандисон ва дигар шахсони масъул дар шабака фаъолият мебаранд.
Дар эфири шабакаи телевизиони «Варзиш» инчунин барномаҳои муаллифӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқ ва тозазуҳури варзиши ватаниву хориҷӣ, аз таърих ва фаъолияти даставу бошгоҳҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.
Кобили зикр аст, ки соли гузашта ҳайати эҷодиву техникии ин телевизион бори аввал пахши бузургтарин мусобиқоти варзишии сайёра- Чемпионати ҷаҳонии Россия-2018-ро таҷриба карданд. Моҳи январи соли ҷорӣ боз як дастоварди бузурги дигар дар соҳаи телевизиони кишвар аз ҷониби кормандони ин муассиса роҳандозӣ шуд. Шореҳони футбол Бобо Холмуродзода ва Фаридуни Шарифзод аз шаҳри Олмалики Ӯзбекистон ба таври мустақим ҷараёни бозии даври муқаддамотии Лигаи чемпионҳои Осиёро байни «АГМК»-и Ӯзбекистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистонро шореҳӣ карданд.
Солҳои қаблӣ низ рӯзноманигорону мухбирони ин шабака аз ҷараёни бонуфузтарин форумҳои варзишии сайёра, аз ҷумла Бозиҳои олимпии Рио-2016, Бозиҳои Осиё дар иншооти сарпӯшидаи Ашқобод-2017, Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён-Иссиқкӯл-2018, Бозиҳои Осиё- Ҷакарта-2018, Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонон дар соли 2018 ва даҳҳо мусобиқоти дигар сафар карда, гузоришҳо таҳия намуданд, ки он дар таърихи шабакаҳои телевизионии кишвар назир надорад.
Мо, ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» кормандони муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин рӯз самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно дорем.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






