ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об -маъною маъвои зиндагист» ҳамоиш доир гардид

Март 22, 2019 11:50

ХУҶАНД, 22.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март  таҷлил мегардад ва ҷиҳати аз ҷониби СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд конфронси илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагон аз раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахшҳои он аз шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон,  Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилоят ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар кори ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои манбаъҳои асосии таъминоти оби полезӣ дар вилояти Суғд, ҳолати санитарии иншооти обтаъминкунии вилоят, сарватҳои об ва мушкилоти истифодаи он дар вилоят, обтаъминкунии табиӣ ва ҷабҳаҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои обии Тоҷикистони Шимолӣ ва имкониятҳои истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон шунида шуданд.

Инчунин маърӯзачиён бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, онро чун ифтихори тоҷикистониён арзёбӣ намуданд. Онҳо ба иштирокдорони ҳамоиш муҳимияти ташаббусҳои обии Тоҷикистонро барои ҷаҳониён шарҳ доданд.

Март 22, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон