Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ доир намуданд

Март 28, 2019 16:02

ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон вакили мардумӣ Баҳром Абдуалимов иброз намуд, ки «расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сараввал аз барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2015 сарчашма гирифта, ҳамасола дар Паёмҳои Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ мегардад. Дар қатори дигар лоиҳаҳои соҳаи энергетика, лоиҳае, ки имрўз мо мавриди баррасӣ қарор дода истодаем, яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад».

Зикр гардид, ки мақсади лоиҳаи мазкур ба системаи ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ пайваст намудани НБО-и «Роғун» мебошад.

Ҷиҳати амалӣ намудани Лоиҳа Созишномаи қарзии GCL№(2017) 27TOTAL 32  1 сентябри соли 2017 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шудааст.

Баҳри амалӣ намудани лоиҳаи мазкур 30 марти соли 2015 шартномаи №TBEA/PT2015-01 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати «TBEA»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.

Гуфта шуд, ки Созишномаи мазкур 20 декабри соли 2017 тибқи муқаррарот аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа ба 79 млн. долл. ИМА баробар буда, давоми 18 моҳ бояд амалӣ шавад.

Қисми таркибии Лоиҳа- ин сохтмони ду хати интиқоли барқии алоҳидаи 500кВ бо 402 такягоҳ мебошад. Дарозии ҳар як хати интиқоли барқ тақрибан 100 км-ро ташкил медиҳад.

Хатҳои интиқоли барқи мазкур аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Рўдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Роғун мегузаранд. Дар маҷмўъ хатҳои интиқоли барқи 500кВ зеристгоҳи «Душанбе-500»-ро ба НБО-и «Роғун» пайваст менамоянд.

Барои амалӣ гаштани ин ҳадаф дар зеристгоҳи «Душанбе-500» мувофиқи лоиҳа таҷҳизоти иловагии барқӣ васл карда шудаанд.

Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСК «Ноқили Турсунзода» 400 км ноқилҳо харидорӣ гардида, дар сохтмони ин иншоот истифода карда шудаанд.

Дигар таҷҳизоти барқӣ бо иштироки мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» дар корхонаҳои истеҳсолкунанда аз озмоиш гузаронида шуда, сипас ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.

Ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо зиёда аз 650 нафар коргарону муҳандисон ба кор ҷалб карда шуданд, ки аксарияти онҳоро коргарони маҳаллӣ ташкил медоданд.

Фоизи солонаи қарз 1.5 (якуним) фоизро ташкил дода, барои ҳаққи хизматрасонии идоракунӣ ва ҳаққи хизмат барои уҳдадориҳо вобаста ба пешниҳоди қарз 0,25 фоиз дар як сол муайян гардидааст. Муҳлати пардохти қарз аз рўи маблағ бояд 300 моҳро ташкил дода, муҳлати имтиёзнок 96 моҳ ва муҳлати пардохти маблағи асосии қарз 204 моҳро ташкил медиҳад.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳа саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаи муҳокимагардидаи рӯзнома   тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуданд.

Март 28, 2019 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парламенти Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Русия иштирок намуд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир шуд
Имрӯз иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Ҳамкории гуногунсоҳа байни Венесуэла ва Тоҷикистон таҳким меёбад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» баррасӣ ва қабул гардид
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
3 феврал Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Рӯзи Иди Тиргон дар Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад
Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Маводҳои таҳлилӣ