«ИН ШАБИ ТУРШРӮИ БОРОНӢ КУЛБАИ МОДАРАМ БА ЁД ОМАД…». Устод Лоиқ бо навиштани силсилашеърҳои ба модар бахшидаи худ дар адабиёти тоҷик Модарномаро асос гузоштааст…

Март 8, 2019 08:24

ДУШАНБЕ, 08.03.2019./АМИТ «Ховар»/.  Устод Лоиқ аз бузургтарин суханварони охири садаи XX аст, ки бо ашъори обдори хеш дар саҳифаҳои таъриху фарҳанги мардуми форсизабон нақши носутурданӣ гузошт.

Пас аз зуҳури устод Лоиқ ба адабиёти солҳои шастум ва баъд, дар қатори навгониҳои дигари ба фазои адабӣ вориднамудаи ин фарди нотакрор образу симои модар низ ҷилои тоза ёфт, яъне образи модар боз ҳам самимитар ва заминӣ сурат пазируфта, ҳақиқати бадеии он ба ҳақиқати воқеӣ созгор омад…

Бино ба навиштаи адабиётшиносон, устод Лоиқ бо офаридани силсилаи шеърҳои ба модар бахшидаи худ дар адабиёти тоҷик Модарномаро асос гузоштааст, ки қаблан ин корро касе ба сомон нарасонида буд.

Дар байни  шеърҳои ба модар бахшидаи шоир шеъри «Ба модарам» зуд шуҳрат пайдо намуд ва он боис гардид, устод Мирзо Турсунзода бе ҳеҷ як дудилагӣ Лоиқи ҷавонро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  тавсия намояд. Устод Лоиқ тавонистааст дар ин шеър симои ҷовидонии модари тоҷикро офарад, модареро, ки бо сад умеду ормон барои фарзанди худ ҷомаи домодӣ медӯзад, то рӯзи тӯй онро дар қади фарзанд дида, армон бишканад, модареро, ки ҳама умр нахӯрдаву напӯшида, фарзанди худро ба сад ранҷу азоб парвариш додааст ва дар дами пирӣ ҳам дурахши охирини чашми худро барои субҳи фардои фарзанд эҳдо месозад.

Модарномаи устод Лоиқ шомили  42 шеър ва чанд рубоиву дубайтӣ мебошад, ки гузашта аз кутуби дигар дар маҷмӯаи «Дасти дуои модар» (Душанбе, Адиб, 1991) низ мураттаб гардидааст. Дар тамоми шеърҳои ин маҷмӯа симои модар ҳамчун зане, ки заҳмату азоб ва дарду ранҷу душвориҳои зиндагиро паси сар намуда, худ нахӯрдаву фарзандро хӯронда, бо сад умеду ормон калон карда, сипас ӯро ба ҷустуҷӯи қисмат ба гӯшаву канори олам гуселондааст, падидор мешавад.

Охирин расми модари устод Лоиқ, ки Муҳиддин Олимпур аккосӣ карда будааст.

Тозакориҳои устод Лоиқ зимни тасвири образи модар аз ҷумла дар он зоҳир мегардад, ки устод дар тасвири лаҳазоти мухталифи зиндагонии модар аз расму одоти мардумию зиндагии тоҷикона хеле бамаврид ва бамавқеъ суд меҷӯяд ва онро бо як маҳорати нотакрор дар шеър корбаст менамояд. Чунончӣ , дар шеъри «Нону насиб» шоир лахзаи гусели фарзандро чунин ба калам додааст:

Ба ман ҳам орд пошидӣ , ба ман ҳам ними нон додӣ,

Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,

Ки чун баргардам аз хизмат, бихоҳам хӯрд.

Мазмуни ин порчаи шеърӣ баргирифта аз зиндагии мардуми тоҷик аст, хосатан дар мавриди гусели фарзанд расм аст, ки ҷиҳати сафедии роҳи фарзанд сари китфони ӯ орд пошанд ва нимаи нонеро низ ба ӯ бидиҳанду нимаи дигарро нигаҳ доранд, то ҳамин нони насиби дар хона нигаҳдошташуда ӯро ба хона боз орад. Симои модар дар шеърҳои устод Лоиқ ҳамеша бо ашё ва ҷузъиёти тарзи зиндагии мардуми кӯҳистон тавъам тасвир шудааст ва ёде аз обу ҳавои кӯҳистон мекунад:

Бӯи чҷону бӯи нону бӯи пистон,

Бӯи гулҳои баҳори баччагӣ,

Бӯи шири гарми навдӯшида,

Меояд зи дастони ту модар.

Дар рухат ожангҳо чун сатри шеъри зиндагӣ,

Офарин хонанд бар азму ба имони ту модар.

Ин шеър симои модарро дар пайвастагӣ бо зиндагии ҳамарӯзаи мардум, хосатан дар талошу набардҳои пурташвиши рӯзгор ба тасвир гирифта, дар хотироти баччагии қаҳрамони лирикӣ манзараҳои зебои нон пухтану шир дӯшидани модарро, бо самимияти бепоён аз нав зинда гардонидааст. Дар шеъри «Дар шаби борон» бошад, қаҳрамони лирикиро ҳатто боридани борони баҳорӣ, ки нишоне аз покиву зебоии табиат аст, ба ёди модар ва кулбаи ӯ мекашад:

Ин шаби туршрӯй боронӣ

Кулбаи модарам ба ёд омад,

Боми ӯ мечакад зи боронҳо,

Дар дилам оламе ба дод омад.

Дар аксари шеърҳои ба айёми Бачагӣ бахшидаи устод низ тимсоли модар чун мабдаи хайру сахо, покиву саодат ва оромиву болидагии рӯҳ тасвир шуда, шоир айёми кӯдакии хешро, ки дар канори модар сипарӣ намудааст, ба таври ормонӣ ёд мекунад:

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам,

Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нолон шавам,

Бар сари зонуи модар боз биншинам даме,

Гиряму хандам сарамро сила бинмояд даме.

Ҳамин тавр, устод Лоик дар силсиллаи шеърҳои «Модарнома» беҳтарин ва самимитарин ормону андешаҳои инсонро нисбат ба муқаддасарин чеҳраи офарандаи ҳастии бани башар- Модар баён намуда, дар ҳама ҳолат симои модарро ҳамчун мабдаи офариниш, сарчашмаи ҳаёт ва чароғи хонадон тасвир намудааст. Чунонки Шайх Саъдӣ «тифливу домони модар»-ро «хуш бихиште» донистааст, устод Лоиқ низ дар аксари сурудаҳои хеш боз ба олами зебои тифлӣ руҷӯъ менамояд ва онро беҳтарин лаҳзаҳои умри инсон арзёбӣ менамояд ва гоҳе, ки аз гирудори дунёӣ ба сутӯҳ меояд, мегӯяд:

Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз

Ҳамчун кӯдаки парпеч

Хоҳам мурд.

Надонистам, ки баъди шири поки ту

Факат афсӯс

Хохам хӯрд.

Бо ин ҳама, устод Лоиқ модарро болотар аз ҳама офаридаи табиат ва дар радифи муқаддастарин мафоҳими мавриди эҳтироми бани башар гузошта ва месарояд:

Аз шуҳрату зи сарват гар бар фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз бар пеши пои модар.

АМИТ «Ховар» дар ин рӯзи шариф ва муборак чанд намунаро аз Модарномаи устод Лоиқ Шералӣ пешкаши ҳаводорони назм мегардонад.

НАСИҲАТИ МОДАР

Модарам мегуфт доим вақти хоб:

«Хоб кун, албатта, бо паҳлуи рост!

Он ҳама коре, ки ният мекунӣ,

Сар бикун бо қувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,

Пӯш аввал остини ростро,

Гар бибандӣ аҳд, дасти рост деҳ,

Дасти чап не хайр дорад, не бақо».

Хурд будам, бехабар будам ҳанӯз:

Фарқ байни дасти чаппу рост чист?

Хоб кардан, сер будан муддао,

Муддао дар дасти чаппу рост нест.

Баъд фаҳмидам, муроди модарам

З-ин насиҳатҳош дигар будааст:

Бо чунин панду насиҳатҳо ба манн

Ростиро тарбият бинмудааст.

1960

                                          ***

НОНУ НАСИБ

Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд кафтарҳои навболу парат, модар,
Куҷо рафтанд фарзандони навдилдодаат, модар?

Бисоти тӯй меандӯхтӣ,
Баҳри арӯсонат
Садаф меҷустию гарди хазина, шаддаи марҷон.
Чӣ шуд?
Бемодарии зумраи манҳус боис шуд,
Ки рафт аз даст ту ногаҳ асои пирият, ҷонат.

Ба китфи ҳар яке ту орд пошидӣ, гуселондӣ,
Дуо кардӣ, ки мисли орд бошад роҳашон испед.
Ба ёдат ҳаст, аз нони тамоме порае додӣ,
Ба онон, то ки ними дигараш бо ҷазбаи худ бозгардонад
Ба наздат рафтагонатро,
Кушоӣ боз хони ид.

Куҷо рафтанд, эй модар,
Куҷо рафтанд он шаҳбозҳои дурпарвозат,
Калиду куфли тиллоят, дари бозат,
Сад оғози як оғозат?
Ба ёдат ҳаст он нони насиби рафтагонатро,
Ба рӯзи бенавоиҳо ба ман додӣ,
Ки чун заҳри ҳалоҳил буд дар комам…

Ва омад навбати ман ҳам…
Маро ҳам дар раҳи хидмат гуселондӣ.
Марезон ашк, эй модар,
Ҷаҳон дар бистари чун парниён нарме,
Нафас осуда мегирад.
Паи ин сон ҳаёти пурнишоте ҳар каси дилсӯз
Агар мирад, намемирад.

Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ,
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хурд.
Машав маъюс, эй модар,
Кунун нону насибамро каси дигар нахоҳад бурд.
Чу дар он орзуи синаҳои доғ-доғи модарон дарҷ аст,
Чу дар он меҳру ёди ҷумлаи қурбониён дарҷ аст.
Чу дар он хуни поки қаҳрамонон,
Номҳои тобноки ҷовидон дарҷ аст!

1965

                           ***

ҲАСРАТ

Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад”.

Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад”.

Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.

Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.

Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот,
Зи ба ҳам фишурда лабҳот.

Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд…

Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?

Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?

Ту куҷоӣ модари ҷон, паси дар намебароӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесароӣ:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад…”

1985

                    ***

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд
Замин қисмат нахоҳад шуд.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.

Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.

Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама модар – Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.

Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.

Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар – Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.

Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.

Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!

10.05.1966 – Новороссийск

                          ***

ДОМОНИ МОДАР

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан,
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту.
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо,
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо.
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш,
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро.

Боз медорад зи домони ту, модар,
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту.
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт,
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту.

Боз медорад зи домони ту, модар,
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар…

20.06.1966 – Новороссийск

                                     ***

Ин шаби туршрӯи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.

Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.

Шояд ӯ бо умеди авфи гуноҳ
Рамазон асту рӯза медорад?
Вақти ифтор чак-чаки шибдор*
Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад?

Ё ки дар ҷонамози фарсуда
Зикри Аллоҳ мекунад дар дил?
Ё зи парвардигор мехоҳад,
Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?…

Буд вақте ки модари пирам
Тозарӯ буд, милаи тар дошт.
Милааш дошт бӯи ҷурғотӣ,
Ҳайдарии хазинаи зар дошт.

Остини фарох то оринҷ
Барзада бо ҳазору як тадбир
Гӯиё ҳаққи кӯдаконашро
Меситонд аз қаламкаши тақдир.

Субҳгоҳон чу гов медӯшид
Пушти ӯро ба меҳр молида,
Дохили ширдӯша меафтод,
Милаҳояш зи шона лағжида.

Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор
Кулчаҳои башир мечаспонд,
Сари мижгону абрувонашро
Лахчаҳои танӯр месӯзонд.

Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
Бесухан пилкҳои чашми маро
Ба сари панҷаҳош мемолид.

Чи қадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содагӣ намегуфтам.
Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
Вассаҳоро шумурда мехуфтам.

Боз дар ин шабони боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Чак-чаки шифт… шиддати борон…
Дар дилам оламе ба дод омад.

Модарам!
Модари биҳиштиям!
Ҷои ту дар биҳишт таъйин аст,
Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
Ман надонам чӣ рӯзи сангин аст.

Модарам! Модари биҳиштиям!
Нестӣ ту аз он пушаймонҳо.
Тирборон накушт агар моро,
Нест боке зи барфу боронҳо!

Модарам! Модари биҳиштиям!
Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд.
Бар замин осмони бепоя
Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд.

Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..

1978

*Шибдор – шифт-дор, яъне чӯби шифти хона, саҳеҳтараш шифти хона, сақфи хона.

                      ***

Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.

Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.

Дилам хоҳад дуоятро –
Ду дастатро чу ду боли парастуҳо
Ба сӯи қибла бикшода,
Худоро аз фалакҳо бар замин хонда,

Гуселам кардаӣ бар роҳҳои дур,
Сипас аз пушти ман гирйистаӣ дар худ фурӯ монда…

Чӣ мепурсӣ?
Ту аз ман бештар медонӣ дунёрову қисматро,
Ту аз ман бештар медонӣ субҳу шоми давлатро.
Вале ман ҳар қадар аз ҳикмати дунё сабақ хондам,
Китоби куҳнаву навро чу болин зери сар мондам,
Фузун аз ту ҷаҳону зиндагониро надонистам,
Кашишҳои замину осмониро надонистам.

Надонистам, ки дар садсолагӣ ҳам боз
Ҳамчун кӯдаки парпеч хоҳам мурд,
Надонистам, ки баъди шири поки ту
Фақат афсӯс хоҳам хурд…

1980

                            ***

СУРУДИ МОДАР

Тифли гирёнам, калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав!
Достон шав!

Ганҷи шаҳворам ту бошӣ,
Бахти бедорам ту бошӣ,
Дар ҷаҳони номдорон
Номбардорам ту бошӣ.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ҷойгири рафтагон шав!

Ахтари тобони модар,
Муҳраи паймони модар,
Ҳосили худкоҳии дил,
Давлату даврони модар –

Тифли гирёнам калон шав,
Вориси озодагон шав!

Кӯдаки ширину лоло,
Кӯдаки маъсуму зебо,
Дастовезам ту бошӣ
Баҳри фардо, баҳри дунё.

Тифли гирёнам, калон шав,
Ифтихори сад ҷаҳон шав,
Достон шав,
Достон шав!

1982

                      ***

ГУНБАДИ САБЗИ МАЗОРИ МОДАРАМ

Дар баҳорон бо ҳазорон мавҷи сабз –
Гунбади сабзи мазори модарам,
Зери боми гунбади ҳафт осмон
Ҳар куҷо бошам, туро ёд оварам.

Ёд орад майсаҳои сабзи ту
Аз ҷавониҳои сабзи модарам.
Пеши дидорам падид ояд ҳама
Зиндагониҳои сабзи модарам.

Сабз андар сабз мебинам туро,
Хоки сабзи модари сабзинаам.
Сабзаи армони сабзи модарам
Сабз хоҳад буд андар синаам.

Модарам, дар хоки тар хобидаӣ,
Зинда ҳастӣ лек андар шеъри ман.
Аз тамоми зиндаҳо сарзиндатар,
Пири ман, имони ман, тадбири ман.

Сабзаҳои хоки ту нарму таранд
Мисли кулли орзуи модарон.
Кош дунёи пур аз ҷангу ҷидол
Рӯй орад, рӯй сӯи модарон.

Кошки сайёраи сабзи замин
Сабз монад чун рухи пурнури ту.
Сабз агар монад замин дар чор фасл,
Сабз монад сабзаҳои гӯри ту.

Модарам, модар-замин ларзад гаҳе,
Ларзаи хоки ту меояд ба ёд.
Роҳати рӯҳ аст агар хоки лаҳад,
Рӯҳи ту дар хок нороҳат мабод!

1989

                    ***

ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш,
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар.

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре,
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар.

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад –
Аз чор самти дунё ояд садои модар.

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар.

Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.

Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар.

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?

1984

                                ***

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад,
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар.

Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям,
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар.

Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.

Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам?
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар.

Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

1986

                                 ***

Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.

Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.

Чун ту ҳам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.

Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.

Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.

Ёд меорам туро, чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро.

1988

РУБОӢ ВА ДУБАЙТИҲО

Бар мадфани модарам чу гул бигзорам,
Ман мӯи сафеди хешро бишморам.
Чун панҷаи хуршед сарам бинвозад,
Аз панҷаи нарми модарам ёд орам.

* * *
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,
Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,
Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман
Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

* * *
Як мушт зи хоки модари хушназарам,
Мушти дигаре зи хоки поки падарам
Чун ҳадяи вопасинашон бар фарзанд
Резед ба гӯри ман, чу ман даргузарам.

* * *
Модар, модаро, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман,
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.

* * *
Модар, модаро! Шири сафедам додӣ,
Дунё баумед асту умедам додӣ.
То бар сари ман чӣ ояд аз бешу камӣ,
Ту дар сари гаҳвора навидам додӣ.

* * *
Модар, модар, чаро чунин зодҳ маро?
Дар чорсуи азоб раҳ додҳ маро?
Аз синаи гарми хеш берун кардҳ,
Дар синаи сарди хок бинҳодҳ маро.

* * *
Ҷаҳонеро паи эъҷоз доданд,
Фазоеро паи парвоз доданд,
Чу моро модарон зоданд рӯзе,
Заминро ҳамчу пойандоз доданд.

* * *
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.

* * *
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

* * *
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ
Нахустин устоди ман ту будӣ.

* * *
Ту хушбахтӣ зи қисмат, хоҳари ман?
Сарафрозӣ ба олам, додари ман?
Замин то осмон розиям аз ту,
Ту аз ман розӣ рафтӣ, модари ман?

* * *
Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан.
На танҳо қалъаи дилҳоӣ, эй зан,
Ки ҳатто қалъаи дунёӣ, эй зан.

* * *
Дилам хоҳад равам бар кӯи модар,
Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,
Тамоми рӯи дунёро бигаштам,
Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

* * *
Сари гӯри ту биншастам даме чанд,
Бигирйистам зи андӯҳу ғаме чанд.
Зи санги сарди болои мазорат
Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

* * *
Дареғо, модари пирам, дареғо,
Чароғи бахту тақдирам, дареғо.
Ту будӣ бар сарам, будам фалакгир,
Кунун бе ту замингирам, дареғо.

* * *
Туӣ пирам, туӣ тадбири пирам,
Дуоям кун, дуоятро бигирам.
Намемирӣ ту, эй модар, агар ман
Барои модари миллат бимирам!

* * *
Куҷоӣ, модари ҷонпарвари ман,
Худои умри ман, пайғамбари ман.
Сарам дар бистари марг аст имрӯз
Биё аз гӯру биншин бар сари ман.

Март 8, 2019 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд