«ITB BERLIN-2019». Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ 21 ширкати сайёҳӣ муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 марти соли 2019 дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin-2019 баргузор мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, 30 нафар намояндагон аз 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 2 нафар аҳли фарҳанг ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB Berlin-2019ро Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ифтитоҳ намуда, доир ба рушди глобалии сайёҳӣ изҳори назар кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар Намоишгоҳи имсола намояндагони қариб 200 давлати дунё ва зиёда аз 15 ҳазор ширкати сайёҳӣ, зиёда аз 800 нафар хабарнигорон иштирок менамоянд.
Дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ гўшаи сайёҳии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон — кишвари сайёҳӣ» дар масоҳати 40 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дўстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin ҳамасола таҳти ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ доир гашта, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи ин Созмон барои таблиғи захираҳои сайёҳии кишвар хеле муфид аст.
Ҳамзамон, дар ҳошияи Намоишгоҳ ҷаласаи вазирони сайёҳии кишварҳои узви Барномаи «Шоҳроҳи абрешим»-и Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ низ баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.
Иштирок ва муаррифии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ имконият медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, ҷалби сайёҳони хориҷӣ вусъат дода шавад.









Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






