Комроншоҳи Устопириён паҳлавони маъруфи тоҷик шоҳҷоизаи шаҳри Бохтарро соҳиб гардид

Март 26, 2019 10:23

ДУШАНБЕ, 26.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси соҳибкори ватандӯст Нусрат Файзуллоев мусобиқаи муҳташами гӯштини миллӣ барпо гардид. Чорабинии мазкур на танҳо беҳтарин паҳлавонони кишвар, балки зиёда аз 15000 мухлисони ин варзиши асили мардуми тоҷикро дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар ҷамъ овард.

Тавре  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  шореҳи варзиш  Каримхон Бекматов  аз  шаҳри  Бохтар  хабар  дод, чорабинии мазкур бо анъанаҳои гӯштини ниёгон барпо карда шуд. Алалхусус, ҳар паҳлавони ба майдон ворид ва эълон гардида, рақиби арзандаро барои майдондорӣ пурсон мешавад. Пас-он раиси давра бо ташаббускорон ҷоиза арзандаро барои ду паҳлавон муайян менамуданд. Вақти рақобатҳо маҳдуд нагардида, майдони он на танҳо тантанаи гӯштини муосир, балки болои сабзаи алафи тару тозаи баҳорӣ интихобида мешуд. Зиёда аз 100 паҳлавон дар ин рӯз соҳиби ҷоизаҳои гуногун, аз қабили бузу гӯсфанд, гов, қолину техникаҳои маишӣ ва маблағи пулӣ гардиданд. Ду шоҳҷоиза автомашинаи сабукрав барои паҳлавонони маъруфи  тоҷик муайян ва пешниҳод карда шуда буд. Паҳлавонони шинохтаи кишвар барои соҳиб шудани туҳфаи арзанда бо ҳам  рақобат намуданд. Барои яке аз шоҳҷоизаҳо паҳлавон Саидҷамол Алимардонов ва ду карат қаҳрамони Осиё оид ба варзиши дзюдо Комроншоҳи Устопириён қуввасанҷӣ  намуданд. Дар ин рақобат бо истифода аз усули маъмулии худ тавассути бардошти ҳалуки дохила ё дар намуди дзюдо  маъмул бо «учи мата» рақибашро партофт намуда соҳиби шоҳҷоиза гардид. Барои шоҳҷоизаи дуввум бошад паҳлавонони  дигари тоҷик  Саидҷалол Саидов ва дорандаи медали биринҷии Гран-Прии Марокаш дар соли 2019 оид ба намуди дзюдо  дар вазни ҷамъи 100 кг. Тимур Раҳимов  сабқат  намуданд. Бояд зикр кард, ки рақобати  ин ду паҳлавон хело тӯлони сурат гирфта,  мусовӣ анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, ягона шоҳҷоизаи арзандаи мусобиқотро Комроншоҳи Устопириён паҳлавони маъруфи тоҷик мансуби номи худ намуда, қаҳрамони  Наврӯзи 2019 дар шаҳри Бохтар интихоб гардид.

Март 26, 2019 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад