Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: бар асари тармафароӣ дар Сангвор хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

Март 29, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Душанбе — Сангвор, Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки айни замон Ситоди фаврии муштарак дар ҷойҳои хатарнок фаъолият бурда истода, тамоми техникаи зарурӣ ба он ҷойҳо сафарбар карда шудааст.

Давоми 24 соати охир фаромадани тарма ва сангрезаҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Сангвор, инчунин дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 20 ҳодисаи фаромадани тарма ва 16 ҳодисаи лағжиши сангреза сабт гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар натиҷаи фаромадани тарма дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор 4 хоҷагии ёрирасон вайрон гашта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса роҳу хатҳои барқи ин деҳа ва ҳамчунин боғҳои мардум хароб гардида, фаромадани тарма сабаби марги даҳҳо сар чорвои мардум гардидааст. Айни ҳол дар макони ҳодиса комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои муайян кардани андозаи зарар кор бурда истодааст.

Дар робита бо боришоти дар пеш истода ва мавҷуд будани барфи зиёд дар кӯҳҳо хавфи фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мемонанд.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро ҳушдор медиҳад, ки сафари худро бо мақсади рух надодани ягон ҳодисаи нохуш ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ВМКБ муваққатан мавқуф гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои кормандони зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин рақамҳо муроҷиат намоянд: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11.

Март 29, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд