МАРКАЗҲОИ БУКМЕКЕРӢ ҶОИ НАВРАСОН НЕСТАНД! Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ширкатҳои букмекерӣ бо роҳбарони онҳо мулоқот кард

Март 5, 2019 15:25

ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар ҳудуди пойтахт фаъолият менамоянд, дар робита ба ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо мулоқот намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, раёсатҳои андоз ва маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то 18-сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод», — илова намуд манбаъ.

Зикр шуд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, сари вақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Манбаъ афзуд, ки роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо назоратро аз болои фаъолияти идораҳои букмекерӣ дар самти ҷалби ноболиғону хонандагон пурзӯр намоянд.

Бояд гуфт, ки Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи роҳбарони идораҳои букмекериро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таъмиру навсозии ҷойҳои корӣ ва тозагии атрофи маҳали фаъолият ҷалб намуда, зикр кард, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои  букмекерӣ риоя нагардидани  талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нуқта фаъолият менамоянд.

Март 5, 2019 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд