Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалии «Нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти ҳуқуқ оид ба масъалаҳои муҳити зист» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши ҳокимияти судӣ дар таъмини волоияти ҳуқуқ оид ба масъалаҳои муҳити зист» ва «Ҷаласаи дувоздаҳуми Гурӯҳи мақсаднок оид ба дастрасӣ ба адолати судӣ тибқи Конвенсияи Орхус барои намояндагони мақомоти судӣ»-таҳти чунин унвонҳо дар шаҳри Женева ҳамоишҳои байналмилалӣ доир гардиданд, ки дар он Тоҷикистонро судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Ҳошимзода намояндагӣ кард.
Тавре аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори ин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо ташаббуси Комиссияи Аврупоии иқтисодии СММ доир гардиданд, намояндагони мақомоти судии давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Арманистон, Албания, Беларус, Венгрия, Гвинея-Биссао, Гурҷистон, Исландия, Ирландия, Испания, Италия, Латвия, Люксембург, Руминия, Қазоқистон, Қирғизистон, Македония, Малта, Молдавия, Монтенегро, Нидерландия, Норвегия, Озарбойҷон, Германия, Руминия, Сербия, Словения, Словакия, Украина, Франсия, Чехия, Шветсия, Хорватия, Эстония, роҳбари шуъбаи муҳити зисти Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи минтақавии Барномаи СММ оид ба муҳити зист, Роҳбари Форуми судяҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба масълаҳои муҳити зист, котиботи Конвенсияи Орхус ва дигарон иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоишҳо дар тақвият додани имкониятҳои мақомоти судӣ дар самти баррасии парвандаҳои марбут ба муҳити зист, амалишавии ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ба муҳити зист ва ба ин васила мусоидат намудан ба амалишавии вазифаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор, таъмини волоияти ҳуқуқ дар сатҳи милливу байналмилалӣ, инчунин таъмини дастрасии баробари адолати судӣ ба ҳамагон арзёбӣ гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоишҳо дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба таъмини адолатнокӣ дар масъалаи муҳити зист ва Мақсадҳои Рушди Устувор, истифодаи ҳуқуқи байналмилалӣ зимни мурофиаҳои судӣ марбут ба парвандаҳо оид ба муҳити зист, мустаҳкамгардонии механизми ҳалли судии парвандаҳои марбут ба дастрасӣ ба иттилои экологӣ, талабот оид ба мустаҳкамгардонии имконияти судҳо вобаста ба баррасии парвандаҳое, ки аз ҷониби мақомоти судӣ ва дигар мақомоти назоратӣ дар соҳаи муҳити зист баррасӣ мешаванд, ҳамкории глобалӣ ва минтақавӣ дар самти мусоидат баҳри беҳтар намудани дастрасӣ ба адолати судӣ вобаста ба мавзӯи муҳити зист, қонунгузории кишварҳои алоҳида дар масъалаҳои экологӣ ва дастрасӣ ба иттилои экологӣ, таҷрибаи судӣ оид ба парвандаҳои марбут ба соҳаи муҳити зист дар давлатҳои алоҳида ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи ҳуқуқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






