НАВРӮЗ-2019. Ин ҷашни бошукӯҳро дар Душанбе бо баргузории Корвони шодии идона пешвоз мегиранд!

Март 5, 2019 14:51

ДУШАНБЕ, 05.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар пойтахти мамлакат  корҳои омодагӣ ҷиҳати дар  сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз-2019  вусъат меёбанд.  Дар ин замина  аз ҷониби масъулин  ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳо корҳои ободонию хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳои пойтахт босуръат  ҷараён доранд.

Тавре сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ  дод,  тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахт Иди байналмилалии Наврӯзро 21 март бо баргузории Корвони  шодии (карнавали) идона  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт  пешвоз  хоҳанд гирифт. Дар он  ширинкорон ва дорбозон  иштирок намуда,  бо пешниҳоди ҳар гуна  намоишҳои ҷолиб  хотири иштирокдоронро болида гардонида, ба ин ҷашни бошукӯҳ таровати тоза  мебахшанд.

«Ҳамчунин 22 март бахшида ба   Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт  таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» намоиши театришуда  баргузор мегардад. Дар он ҳунармандони маъруфи санъат   бо пешниҳоди беҳтарин  оҳангу таронаҳои наврӯзӣ  хотири меҳмонону сокинони пойтахтро шод мегардонанд. Инчунин дар ин  ҷашнгоҳи  наврӯзӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ доир мегардад. Алҳол дар ин макон ороиши саҳна ва дигар корҳои омодагӣ ҷараён доранд», — афзуд А.Ҳакимзода.

Ба иттилои номбурда, бахшида ба ҷашни Наврӯз аз 21 то 25 март дар чор ноҳияи пойтахт баргузории барномаҳои фарҳангӣ фароғатӣ,  ташкили сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин  23 март  мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март мусобиқаи кушод оид ба пойга (аспдавонӣ)  дар   МД «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт  дар назар дошта шудааст.

23 март дар пойтахти мамлакат Фестивали байналмилалии наврӯзӣ таҳти унвони «Мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор мегардад. Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун симои сайёҳии мамлакат  ва фароҳам овардани имконият ҷиҳати таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт баргузор  мегардад. Ба Фестивали мазкур меҳмонон аз бародаршаҳрҳои Душанбе даъват карда мешаванд.

А. Ҳакимзода   ҳамчунин иброз намуд, ки  бахшида ба    Иди байналмилалии Наврӯз — 2019   бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии гулҳо таҳти унвони  «Сайри гули лола»  баргузор мегардад.   Озмуни мазкур  дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст  мегардад.

«Озмун ҷиҳати  таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ роҳандозӣ  гардида, бо ин мақсад   ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ  тасдиқ гардидааст. Тибқи қарори дахлдор, озмун  то 18 марти соли 2019 дар ноҳияҳои пойтахт  ҷамъбаст гардида, гурӯҳи  мазкур натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2019 ҷамъбаст ва тибқи муқаррарот, ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод менамояд. Хотиррасон менамоем, ки  ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1», ҷойи дуюм бо  «Дипломи дараҷаи 2» ва  ҷойи сеюм бо «Дипломи дараҷаи 3» сарфароз гардонида мешаванд. Натиҷаи ин озмун  Душанбеи гулпӯшро гулгунтар хоҳад намуд»,- афзуд манбаъ.

Тибқи иттилои номбурда, алҳол  иштирокдорони озмун   барои  соҳиб гардидан ба ҷойҳои сазовор талош дошта, дар ҳудуди пойтахт шинонидани гулҳои ориоишӣ идома дорад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 5, 2019 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид