Наврӯз фарҳанги тоҷикон аст! Назаре ба суннатҳои наврӯзӣ дар Бадахшон

Март 21, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 21.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Миёни тамоми идҳое, ки дар  саросари  ҷаҳон  ҷашн гирифта мешаванд, шояд куҳансолтарин ҷашн барои одамизод Наврӯзи хуҷастапай бошад. Воқеан, агар ба таърихи ҷашну идҳо назар афканем, мебинем, ки аксари онҳоро одамон бо судури фармоне баровардаву расм кардаанд. Вале Наврўз ҷашни қадимтарин барои мардум аст ва он маҳз аз табиат бардошта шудааст, яъне айёмест, ки шабу рўз баробар мешаванд. Дар робита ба бузургӣ ва шаҳомати Наврӯзи Аҷам сардори кафедраи забонҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Давлатшоева андешаҳои хешро ба мухбири АМИТ «Ховар» чунин  баён дошт:

Ҷашни Наврўзи Аҷам мисли дигар дастовардҳои ёдгории миллати мо дар масири таърих борҳо дучори таъқибу таҳдиди аҷнабиён қарор  гирифта, то ба замони мо омада расидааст. Наврўз бахше аз  фарҳанги тоҷикон аст, аз ин рў мардуми тоҷик дар ҳама давру замони душвор ва пур аз офатҳо аз таҷлили ҷашни зебои ниёгонамон-Наврўзи оламафрўз даст накашида, баръакс барои побарҷо мондани расму ойинҳо ва суннатҳои деринаи Наврўз  кӯшиш мекарданд.

Ҳар гоҳ, ки мо ёди Наврўз мекунем, орзуҳои нахустини таърихи ниёгонамон ба хотир меоянд. Ин ҳамон паёмест, ки тору пуди тамоми пайвандҳои моддиву маънавии аҷдоди деринсоли моро то ба имрўз танида, пуле байни ҳаёти муосиру гузаштаи дури мо сохта, тавассути он бо фарҳанги волою маънавиёти пурғановати  таърихи тамаддунамон шинос мешавем ва бо ҷашни Наврўзи фархундапай суннати деринаи худро таҷлил менамоем.

Ойину суннатҳои наврўзӣ ҳамсони Наврўз таърихи куҳан доранд. Яке аз ин ойинҳо гулгардонист.

Гулгардонӣ суннати фарҳангӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад. Он дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон аз замонҳои қадим бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос мегузашт. Ибтидо бачаҳо ба хонаҳо гул мебурданд. Он гул аз даст ба даст мегузашту бачаҳо тоқии гулдӯзиро аз ҳадяҳои наврўзӣ пур мекарданд. Он рўз рўзи шодмонии тамоми мардум буд. Калонсолон бо меҳру ихлос гули наврўзиро бўсида, ба рўю абрў мемолиданд. Ин ихлосмандиҳо то ҳанўз идома доранд, зеро мардум эътиқод бар он мекунанд, ки ҳаркӣ рўзи соли нав бардаму солиму хурсанд аст, то соли дигар чунин хоҳад монд. Байни ҷавонон «Гулгардонӣ» ранги дигар дошт. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, ба деҳоти ҳамсоя гул мебурданд. Ё дар ҷойи муайяне аз маҳаллаву деҳи худ мизбонони ҷавон меҳмонони ҳамсояи хешро қабул мекарданд. Рӯ ба рӯи ҳам менишастанду чанд тан аҳли фазл ҳакам мешуданд. Байни ҷавонони ду деҳа баҳси илмӣ оғоз мегардид. Аввалан шеърҳо дар васфи Наврўз ва баҳор  хонда мешуданд, таронаҳои наврўзӣ, ки асосан дар айёми Наврўз суруда мешуданд ва ғояи асосии рубоиву таронаҳои наврўзӣ- ин муқобилгузории фаслҳои зимистону баҳор мебошад, сароида мешуданд. Инчунин байни гурӯҳҳо байтбарак шуда, дар ҳама боб ҳунар меварзиданд. Хулоса, агар мизбонон базмро мебохтанд, меҳмононро зиёфат медоданд ва агар баръакс, мизбонон саллаву ҷомаи меҳмононро моли худ мекарданд.

Ойини дигари Наврўз ин хонабаророн аст, ки мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврўзи фархундапай  тамоми лавозимоти манзилашон, кӯрпаву гилемҳоро аз хонаҳо берун бароварда, офтоб дода метаконанд, хонаҳоро тозаву озода намуда, хушбӯй мекунанд, то дар хона ягон чизи  ношуста намонад. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву бахту иқболи нав аст.

Расми дигари Наврўзи Аҷам ин ҷуфтбаророн аст, ки дар  бисёр минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус дар Бадахшон то ҳол то фарорасии ҷашни Наврўз барпо мегардад. Ин маросими неки наврўзӣ  хусусиятҳои хоси худро дорад. Деҳқонон таҳти роҳбарии деҳқони  ботаҷриба дар хонае ҷамъ меоянд ва як навъ хўроки миллӣ омода мекунанд (дар Бадахшон онро боҷ мегӯянд, ки аз каллаву почаи гӯсфанд бо гандуми нимкӯфта ва боқило пухта мешавад). Сипас  ба сари замин рафта, бобои деҳқони солхӯрда ба шохҳои барзаговҳо равған мемолад ва ба сари барзаговҳо орд мепошад, ки равғану орд рамзи сериву пурӣ ва  фаровонии ҳосил дониста мешаванд. Мӯйсафеде бо нияти фаровонҳосилӣ донаи умед ба замин мепошад. Аз ҳамин рўз кори бобои деҳқон оғоз мешавад.

Маъракаҳои наврўзӣ дар ҷойҳои муайян гузаронида мешуданд. Одамон   дар базмгоҳ ҷамъ мешуданд, хўрокҳои болаззат мепухтанд, шоирон шеър мегуфтанду қиссахонон қисса. Дар гўшае паҳлавонон гӯштин мегирифтанд, ҷойи дигар ҷавгонбозӣ мекарданд.

Суннати дигари наврўзӣ,  ки ҳанўз аз рўзгори пешиниён вуҷуд дошт, ин маросими «Дарахти Наврўз» буд. Мардум пеш аз он ки ба наврўзгоҳ биёянд, белу каланд гирифта, ниҳол мешинонданд ва ин маросим чанд рўз идома меёфт. Имрўз низ ин анъанаи нек идома дорад.

Аз мутолиаи сарчашмаҳо оид ба Наврўзи Аҷам бармеояд, ки  дар ҷашни Наврўз аз суннатҳои марбути он ранги сафед дар ҷойи аввал меистодааст. Мардуми мо дар гузашта ранги сафедро ҳамчун  рамзи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кору покӣ шуморида, дар интихоби ғизо, ашёи хона, либос ба ранги сафед афзалият медоданд. Кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи  зудтар ин ранг дар Наврўз ба назар расад ва онро фоли нек медонистанд. Шоҳони сосонӣ субҳи рўзи Наврўз бози сафедро ба ҳаво сар медоданд ва субҳи Наврўзро бо нӯшидани шир оғоз мебахшиданд. Ранги сафед то ба имрўз яке аз муҳимтарин рангҳои рамзноки ҷашни Наврўз ба ҳисоб меравад. Дар Бадахшон субҳи Наврўз ҳатман ширбиринҷ, ширравған, ширбат омода мешавад ва онро дар табақҳо гирифта, ба наврўзгоҳ мерафтанд ва  бо ҳам тановул мекарданд. Дар вақти ба хонаи ҳамдигар омадан дар Бадахшон соҳибхоназан дар сар рўймоли сафед мебандад ва дар китфи меҳмон бо дасти рост орд мепошад. Орд рамзи сафедӣ ва осоиштагиву хушбахтӣ дониста мешавад.

Хулоса, бояд гуфт, ки ҷашни Наврўз дар пояи илм устувор аст ва муборак доштану таҷлили он иборат аз шодмониву осудагӣ хостан барои тамоми одамизод аст. Пас моро зарур аст, чун одату суннати пешинаамон ба баҳори  нав, баҳри таҷлили Наврўзи байналмилалӣ, ки оғози соли тақвими ориёист, бо қадамҳои устувору бунёдкор, азму иродаи нав қадам ниҳода, дар шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем. Бошад, ки Наврўзи дилафрўз ба кошонаи ҳар яки мо файзу баракати зиёдато кунад.

Ҳар  рўзатон  Наврўз  бод,

       Наврўзатон  фирўз  бод!

Шаҳлои САДРИДДИН

АМИТ «Ховар»

Март 21, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид