ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Бинобар сабаби тармими қубурҳо интиқоли об ба баъзе маҳаллаҳои Душанбе муваққатан қатъ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби таъмиру тармими қубури обгузари қутраш 600мм дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов интиқоли об тариқи он аз соати 23:00-и 1 март то 23:00-и 2 март қатъ карда мешавад. Дар ин бора имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи ин қарор обрасонӣ ба як қатор маҳаллаҳо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе қатъ мегардад.
Аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ба маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари Осиё, кӯчаҳои Н.Хисрав, М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Пушкин, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ — аз кӯчаи У.Хайём то буриши кӯчаи С.Ғанӣ, инчунин Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии “Айнӣ” обрасонӣ масдуд карда мешавад.
Дар феҳрасти маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки тайи як шабонарӯз ба онҳо интиқоли оби ошомиданқатъ мегардад, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва Бадахшон-2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Бофанда ва С.Айнӣ — аз хонаи №1 то №77 номбар шудаанд..
Раиси Душанбе мақомоти ин ду ноҳияро муваззаф кардааст, ки дар ин муддат бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Тибқи қарори Раиси шаҳр ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






