ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон борон меборад

Март 2, 2019 08:01

ДУШАНБЕ, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин минтақа ҳаво   шабона 3-8 дараҷа сард  шуда, рӯзона  0-5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят барфи тар борида, ҳаво  шабона  аз 15-20 то 25- 30 ва рӯзона аз 3-8 то  9-14  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани  борон ва барф дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда,  рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок мешавад. Рӯзона дар ин вилоят борон борида, дар баландии 2200 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 12-17  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва  рӯзона 6-11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 1-6 дараҷа  сард шуда,  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда,  рӯзона борон меборад.  Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7  ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Март 2, 2019 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик