ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин минтақа ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят барфи тар борида, ҳаво шабона аз 15-20 то 25- 30 ва рӯзона аз 3-8 то 9-14 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок мешавад. Рӯзона дар ин вилоят борон борида, дар баландии 2200 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.








Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






