ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 ва дар баъзе ноҳияҳо то 22-27 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






