ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад

Март 20, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон     меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар  баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф  дар назар аст. Дар  шарқи вилоят ҳавои  бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 дараҷа сард шуда,  рӯзона 4-9  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   10-15  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 22-27 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат  ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр  барф  борида, раъду барқ ба амал меояд.   Шамол аз самти ғарб бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 7-12  ва  рӯзона 13-18 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  шуда,  рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12  ва рӯзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  2-7  ва   рӯзона 9-14 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  баландиҳои зиёда аз 2000 метр  барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5  дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад.  Рўзона ҳаво  3-8 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 14-16  дараҷа гарм мешавад.

Март 20, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид