ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ мешавад

Март 7, 2019 08:16

ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 6-11 дараҷа сард  шуда, рӯзона  1-6  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.     Шамол аз самти ғарб  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 ва  рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда,  рӯзона 1-6  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландии  2200 метр барфи шадид меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9  ва рӯзона 13-18  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 10-15 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар   ноҳияҳои алоҳидаи кўҳӣ борон ва  барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1+6 ва  рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5  ва  дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа  хунук мешавад. Рӯзона  2+7 дараҷа  гармӣ дар назар аст.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барк ба амал меояд.   Шамол аз самти ғарб бо суръати   2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4  ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Март 7, 2019 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист