ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландии 2200 метр барфи шадид меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кўҳӣ борон ва барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барк ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






