ОФАТИ ТАБИӢ: дар Сангвор бар асари лағжиши тарма 4 хоҷагии ёрирасон зери ғарами барф монда, чорвои хонагӣ талаф ёфтааст

Март 30, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Душанбе — Сангвор, Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад.  Бино ба боронгариҳои сахт ва фаромадани тарма дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон наҷотдиҳандагон ба ҳолати омадабош даромадаанд. Дар манотиқи осебпазири мамлакат Ситоди фаврии муштарак ба шумули техникаю таҷҳизоти зарурӣ  фаъолият менамояд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ.

Тавре сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз дошт,  шабонарӯзи гузашта дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошими ВМКБ, ноҳияи Сангвор ва роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ лағзиши тарма ва резиши санг ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ дар қаламрави Тоҷикистон зарфи шабонарӯзи гузашта 20 ҳодисаи лағзиши тарма ва резиши санг сабт шудааст. Хушбахтона, ин сангрезишу ин тармалағзишҳо талафоти ҷонӣ надоштанд.

Дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор бар асари лағжиши тарма 4 хоҷагии ёрирасон зери ғарами барф монд. Дар натиҷа талафоти чорвои хонагӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мебарад ва андозаи зарари расидаро муайян мекунад.

Тавре Радиои «Озодӣ» гузориш дод, сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг   низ аз омадани сел хабар доданд. Бар асари  офати табиӣ дар ин минтақа пули миёни деҳаҳои Даштирубоб ва Сияҳфарк хароб шуда, рафтуои сокинони деҳот ба маркази ноҳия мушкил шудааст. Инчунин гуфта мешавад, ки сел ба корхонаи коркарди тиллои «Гули Мурод» дар Ховалинг осеб расондааст.

Тавре сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамила  Байдуллоева ба хабарнигорон изҳор доштааст, фазои кишварро сиклоне фаро гирифтааст, ки чанд рӯз қабл дар пайи офатҳои табии дар натиҷаи он дар Эрону Афғонистон рухдода даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ба гуфтаи ӯ, «ин сиклон қувваеро, ки дар Эрону Афғонистон дошт, аз даст додааст, вале ҳатто бо неруи боқимондааш  ин сиклон  метавонад  дар Тоҷикистон паёмадҳои номатлубе бар ҷой гузорад».

«Ба ин далел, мо ҳушдор додаем, ки сокинон то 1 апрел аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд», — гуфт Ҷамила Байдуллоева.

 Офатҳои табиӣ бештар шудаанд

 Дар Тоҷикистон солҳои охир офатҳои табиӣ бештар ба қайд гирифта мешаванд. Ин нуктаро дирӯз ҳатто Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Иқлим ва рушди устувор барои ҳама» дар  Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк  баён намуд. Ӯ зимни суханронии худ   аз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ  ибрози андеша намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин  таъкид  сохт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон   дар чунин шароит  истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, бахусус нерӯгоҳҳои  барқии обиро, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд,  хеле муҳим арзёбӣ намуд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳар сол бар асари омадани сел ва фаромадани тарма чандин нафар ҳалок ва даҳҳо  манзилҳои  истиқоматӣ  вайрон  мегарданд. Аз ҷумла, соли 2018 бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ зарар дид, ки аз ин миён 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шудааст. Ҳаҷми зарар аз офатҳои табиӣ дар соли гузашта беш аз 30 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст.

Эҳтиёт кунед!

Чунин ҳушдор медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони кишварамон.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи боришоти пуршиддати борон обшавии барфҳо ба мушоҳида расидааст, ки ин ҳодиса метавонад сабаби ковоку нарм шудани хок  ва лағзиши он аз теппаҳо гардад. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо болоравии сатҳи оби дарёҳо эҳтимол дорад. Бориши пайдарпайи борон хатари лағзиши тармаву сангро дар роҳҳои кӯҳӣ бештар кардааст.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  ба ронандагону мусофирон  таъкид мекунад, ки сафари худро бо мақсади рух надодани  ҳодисаи нохуш ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ВМКБ муваққатан мавқуф гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои кормандони зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин рақамҳо муроҷиат намоянд: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11.

Март 30, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»

Маводҳои таҳлилӣ