Ғолибони мусобиқаи «Лигаи Помир» оид ба футзал муайян гардиданд
ХОРУҒ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи сеюми «Лигаи Помир» аз намуди футзал анҷом ёфт. Дар бозии ниҳоӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар шарикону сарпарастони мусобиқа иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки давоми 5 моҳ 16 дастаи беҳтарини футзал дар Маҷмааи варзишии шаҳр барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқа мубориза бурданд. Дастаи маҳаллаи Бархоруғ аз аввали мусобиқа то анҷоми он пешсафиро аз даст надода, дар бозии ниҳоӣ низ бар дастаи Гулакен 1 дастоло шуд. Даста бори сеюм ба гирифтани Ҷом ва мусобиқа мушарраф гардид.
Раиси вилоят Ёдгор Файзов Ҷом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомониро ба дастаи ғолиб тақдим намуда, ба ҳамаи варзишгарон, ФФТ ва шарикону сарпарастони ин мусобиқа арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгирӣ меёбад.
Ба ғолибони номинатсияҳои гуногун — беҳтарин нишонзан, дарвозабон ва беҳтарин бозингари мусобиқа туҳфаҳо супорида шуданд. Беҳтарин дарвозабони мусобиқа мувофиқи хулосаи доварон ва мухлисон, дарвозабони дастаи “Помир” Зоҳир Некқадамов ва беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи Бархоруғ Қувватбек Равшанбеков дониста шуданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






